Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, муҳоҷирони "сироятшуда" бояд ба куҷо муроҷиат кунанд

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкМигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, дар сурати надоштани суғуртаи тиббӣ ва гузаштани муҳлати будубош муҳоҷирон бояд ба куҷо муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли сироятёбӣ ба бемории коронавирус шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз доштани полиси суғуртаи тиббӣ барои ташхис ва табобат дар беморхонаҳои махсуси сироятии Федератсияи Русия имкон доранд.

"Ҳамчунин муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳлати будубоши қонуниашон дар асоси патент дар ин давра, яъне аз 18 март то 1 майи соли ҷорӣ ба охир мерасад, метавонанд бе убури сарҳади давлатӣ ба марказҳои бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ (МФЦ) муроҷиат намуда, барои барасмиятдарории патент ва тамдиди он ба муҳлати як соли дигар муроҷиат намуда, муҳлати будубоши худро идома диҳанд",-афзудааст манбаъ.
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Русия гуфт, муҳоҷирони гирифтори коронавирусро чӣ гуна табобат мекунад

Вазорати меҳнат, муҳоҷирати  Тоҷикистон вобаста ба ҳолати мазкур аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд, хоҳиш мекунад, ки дар давраи то 1 майи соли ҷорӣ қоидаҳои муқарраршударо оид ба пешгирӣ аз бемории мазкур дар ин кишвар қатъиян риоя намуда, бе зарурат аз макони зисташон берун набароянд.

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои сафари шахсӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва ғайра ба муҳлати 3 моҳ дар қаламрави Россия қарор доранд, метавонанд дар ҷойи қайди муҳоҷиратиашон дар шуъбаҳои кор бо муҳоҷират қайди муҳоҷиратии худро тамдид намоянд.

Дар ин давра бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия ва сохторҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Россия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои вайрон намудани муҳлати будубош маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода нашавад.

Ёдрас мешавем, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳукумати Русия парвозҳоро аз 21 март то 1 майи соли равон миёни Русия ва Тоҷикистон маҳдуд кард.

Созмони "Нур" хабари ошкор шудани се ҳолати коронавирус миёни тоҷикони Маскавро рад кард

Бино ба гузориши Созмони ҷамъиятии "Нур" то кунун дар Русия миёни муҳоҷирони тоҷик ягон ҳолати гирифторӣ ба коронаввирус сабт нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0