Ҳайвоне нест, ки ташхис гузаронем: профессор гуфт, чаро то ҳол ваксини коронавирус нест

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе
Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия гуфт, ки самараноктарин чораҷӯии пешгирикунандаи коронавирус кадом аст

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik.  Воситаи самараноктарини пешгирии бемориҳои инфексионӣ ваксина ё эмкунӣ мебошад, мегӯяд коршинои рус, профессор Александр Горелов.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия озмоиши ваксина бар зидди коронавирусро оғоз карданд
Горелов таъкид кард, ки дар пешгирии коронавирус низ истифода аз ваксина натиҷа хоҳад дод.

"Самараноктарашро то ҳол одамият ихтироъ накардааст. Ваксина то 25 сол умри одамро дароз мекунад", - таъкид мекунад ӯ.

Аммо, феълан зидди коронавирус ваксинае ихтироъ нашудааст. Ба гуфтаи профессори рус, пизишкон дар сохтани он ба як қатор мушкилӣ дучор шудаанд.

"Наздики 20 ширкат, аз ҷумла ширкатҳои русӣ ба коркарди ваксинаи зидди коронаиврус сар кардаанд. Мушкилии асосӣ дар набудани ҳайвони лабараториест, ки ба коронавирус ҳассос бошад", - қайд мекунад профессор.

Ба гуфтаи вай, дар сохтани ваксина коршиносони кишварҳои гуногун мусобиқа мекунанд.

"Бист ширкат дар сайёраи Замин ваксинаи худро пешниҳод мекунанд, аммо мо ҳамонашро интихоб хоҳем кард, ки натиҷаи беҳтарин дошта бошад. Фикр мекунам, ки мо даст ба даст бо пандемияи коронавирус мубориза хоҳем бурд", - мегӯяд вай.

Дар Русия озмоиши ваксинаи зидди коронавирус оғоз ёфт

Пизишки рус афзуд, ки ваксинаи зуком аз коронавирус муҳофизат намекунад.

Лентаи хабарҳо
0