Даргузашти Сардор Раҳдор дар Душанбе

Обуна шудан
Шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Сардор Раҳдор, дар шаҳри Душанбе, дар паи беморӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сардор Раҳдор шоири шинохтаи тоҷик нобаҳангом шаби гузашта, дар синни 66-солагӣ даргузашт.

Доираҳои наздик ба шоир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, шоир чанде боз дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ буд ва ахиран аз бемории сактаи мағзӣ даргузашт. Ҷасади шоирро ба зодгоҳаш деҳаи Баррӯшони ВМКБ интиқол доданд.

Даргузашти Сардор Раҳдор барои адабиёти тоҷик талафоти бузург аст.
Ӯ солҳои охир барои ҳифзи забонҳои помирӣ корҳои зиёде анҷом дода буд ва китобҳои пурарзишро рӯи нашр овард. Ӯ муаллифи китобҳои "Ҷӯёи Нур" ва "Толиби Дидор" бо забони тоҷикӣ мебошад. Боис ба ёдоварист, ки китобҳои "НОМУС" ва "Адъувҷин Созен" дар радифи беҳтарин намунаи осор ба забонҳои шуғнӣ- рушонӣ мебошад. Сардор Раҳдор, дар ташаккул ва такомули адабиёт бо забонҳои ирони шарқӣ (гурӯҳи забонҳои шуғнӣ- рушонӣ" ) ҷойгоҳ ва манзалати махсуси худро дорад.

Сардор Раҳдор: вақт нишон медиҳад, кадом забон мемираду кадом зинда мемонад

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон шоир гуфта буд, "мо намехохем, ки забони мо гум шавад, бигзор ЮНЕСКО гуфтан гирад. Вақт нишон медиҳад, ки кадом забон мемонаду кадомаш нест мешавад".

Фарҳангиёни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хонаводаи шоир ҳамдардӣ кардаанд. Раънои Мубориз шоири шинохтаи тоҷик гуфтааст:

"Дардо, ки бародари хуби мо Сардор хам оламро падруд гуфт. Сардоре, ки меҳрубон буд, қадрдон буд, хушзабон буд ва аз ин ру маҳбуби ҳамагон буд. Осон нест маҳбуби ҳамагон шудан. Аммо ба Сардори азиз ин муяссар шуд. Зеро у Инсони басо некдилу некрафтор буд. Ёди шоирбародари некамон Сардор Рахдор хамеша бо мо мемонад. Ҷояш дар радифи бихиштиени нек бод. ОМИН!".
Сардор Раҳдор 4 ноябри соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. 
Ӯ фориғуттаҳсили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои аввал пас аз хатми донишгоҳ шоир дар мактаби рақами 17-и деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон фаъолият кард. Муддате дар Афғонистон ба ҳайси афсари низомӣ хизмат кард.
Сардор Раҳдор беш аз 15 сол ба ҳайси корманди бахши маърифатии Хазинаи Оқохон дар Хоруғ ва Душанбе фаъолият намуд. Барои чанд сол муҳаррири калони ҳафтавори "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд. Бо забонҳои помирӣ (шуғнонӣ-рӯшонӣ) ва тоҷикӣ шеър мегуфт.
Лентаи хабарҳо
0