Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 241 нафар расид: 100 ҳазор дар қарантин

© REUTERS \ Dado RuvicПробирка с коронавирусом 2019-nCoV
Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди фаврии назди дастгоҳи раисҷумҳур дар Ӯзбекистон, омори нави гирифторони маризии коронавирусро нашр намуд, ки он ба 241 нафар баробар аст

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Дар Ӯзбекистон шумораи дардмандони маризии коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Ситоди фаврии назди дастгоҳ аз ифшои 14 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирусро муайян намудаст.

Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз коронавирус суратҳисобҳо кушода шуданд

Бо сабти ҳолатҳои нави гирифторшавӣ, шумораи умумии дардмандони ин беморӣ дар Ӯзбекистон ба 241 нафар расидааст.

Манбаъ меафзояд, дар Ӯзбекистон то имрӯз 25 маризи коронавирус комилан сиҳат шуда, ҳамзамон ду дардманд ҷон аз даст доданд.

Зуҳури ин маризӣ дар ин кишвар аз 15 - уми марти соли ҷорӣ сар шуд. Замоне, ки як узбекистонӣ бо аломатҳои вируси COVID-19 аз Фаронса озими ватан шуд.

Афзоиши гирифторони коронавирус дар Русия: 80% дар Маскав сабт шудаанд

Ба маълумоти Вазорати беҳдлошти Ӯзбекистон, феълан 100 ҳазор шаҳрванд ба қарантин фаро гирифта шуданд, ки аз ин миён 23 ҳазор нафар дар муассисаҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11- уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин маризиро пандемия эълон намуд. Бар тибқи маълумоти ахири созмони мазкур, дар ҷаҳон наздики ним миллион нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд, ки 50 ҳазор нафар бар асари гирифторшавӣ ба ҳалокат расиданд.

Лентаи хабарҳо
0