Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пешгомии " Хуаксин Ғаюр Семент": ихтисоси 500 ҳазор ба суратҳисоби пешгирӣ аз коронавирус

© Sputnik / СтрингерТаджикские денежные знаки Сомони
Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Хуаксин Ғаюр Семент" барои пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии маризии коронавирус дар Тоҷикистон ба Вазорати беҳдошти кишвар 500 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. "Хуаксин Ғаюр Семент", ки ба Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" шомил аст, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 000 сомонӣ ҷудо  намуд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров: моҳонаи 1800 сомонӣ барои коргарони корхонаи сементбарорӣ кофӣ нест

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" тадбирҳои  роҳандозинамудаи Ҳукумати Тоҷикистонро доир ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии пандемияи сироятии COVID-19 дар қаламрави мамлакат пурра тарафдорӣ менамояд.

Ширкати чинӣ ба 100 донишҷӯи тоҷикистонӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо кард

"Мо, аз ҷумла дар тамоми ширкатҳои Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр", барои амалисозии чорабиниҳои маҷмаавии профилактикӣ ва санитарию гигиении қабулшуда кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Гуфта мешавад, "Хуаксин Ғаюр Семент" фонди хайриявии "Ман Тоҷикистонро дӯст медорам" ташкил додааст, ки лоиҳаҳоеро, чун сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, роҳҳову пулҳоро маблағгузорӣ менамояд.

Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" дар робита ба ин изҳор дошанд, ки дар рушди мамлакат ва беҳбудии ҷомеа саҳмгузорӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0