Маросими кулчагазӣ ва гусели наваскарон дар Хатлон бо ҳузури раиси вилоят

© Sputnik / Сергей ПивоваровСлужба в армии
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Хатлон гузориш дод, ки якчанд шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Норак, Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин дар рӯзҳои аввали моҳи апрел нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артишро пурра иҷро карданд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, гуфт бархе навоҳии дигари Хатлон, аз ҷумла Балҷувону Ховалинг дар арафаи иҷрои нақшаи даъват қарор доранд. 

Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Тавсифи Файзов аз ватандӯстии ҷавонони ВМКБ-акс

Ҳакимзода зимни гусели даъватшавандагон дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар, ҳимояи марзу буми меҳан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро рисолати ҳар як фарди бедордил хонд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намудаст, ки бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро аз ин мактаб омӯзанд, зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва далерӣ ба ҳисоб меравад.

Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, раиси вилоят ба ҳамаи онҳо дар адои ин рисолати пуршараф саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи ҳифзи Ватани азиз барору муваффақият орзу намуд.

Қурбон Ҳакимзода ба 700 нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру навоҳии вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ба иттилои котиботи дастгоҳи раиси Хатлон, пас аз маросими кулчагазон дар варзишгоҳ намоиши рангини ҳунарӣ манзури ҷамъомадагон гардид.

Лентаи хабарҳо
0