Дар Хатлон мардумро аз коронавирус бо усусли "Хона ба хона" огоҳ мекунанд

© © Sputnik / Владислав ВодневДевушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина
Девушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон барои пешгирӣ ва огоҳсозии мардум аз коронавирус аз усули “Хона ба хона” ва пааҳнсозии маводҳои таблиғотӣ кор гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Мақомоти Хатлон барои ин кор кормандони раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоятро ҷалб кардаанд, хабар медиҳад “Ховар”.

Девушка в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Бемории аср: шумори гирифторони коронавирус дар дунё аз 1 миллион гузашт

Бино ба иттилои ситоди вилоятӣ, то ҳол 1734 масҷид,  510 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Бохтар ва 424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 934 адад муассисаҳои тарбиявию таълимӣ тамиз (дезинфексия) карда шуданд.

Тибқи иттилои масъулини раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят катҳо ва рахти хоб омода карда шуда, маводи безараргардонӣ ва доруворӣ ба миқдори зарурӣ захира шудаанд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоят зимни ҷаласаи ситод гуфтааст, ки тавассути фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 423 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуда, ба муҳлати 14 рӯз зери назорати мутахассисони соҳаи тиб қарор гирифтаанд.

Баҳори зебои Душанбе бе коронавирус: гузориши аксӣ

Мавсуф зикр намуд, ки то 1 феврали имсол дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 624 нафар шаҳрвандони воридшуда бистарӣ гардиданд, ки баъд аз  тамом шудани муҳлати карантин  112 нафарашон рухсат дода шуданд.

“Хушбахтона, то имрӯз дар ҳудуди вилоят ягон ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст”,- гуфтааст муовини раиси вилоят.

Лентаи хабарҳо
0