Афзоиши гирифторони коронавирус дар Русия: 80% дар Маскав сабт шудаанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкВ Москве введен режим самоизоляции для всех жителей
В Москве введен режим самоизоляции для всех жителей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди 80 дарсади гирифторшавиҳои нав ба коронавирус дар Русия дар шаҳри Маскав ошкор шудаанд. Феълан коронавирус танҳо ба 7 музофоти Русия роҳ наёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта 601 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Теъдоди умумии маризони коронавирус ба 4 ҳазору 149 нафар расид, хабар дод ситоди фаврӣ.

Новорожденный ребенок в инкубаторе - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдаке аз батни модар олудаи вируси корона таваллуд шуд

Ба иттилои ситод, тайи як шабонарӯзи гузашта 4 маризи коронавирус ҷон бохта, 46 нафар шифо ёфтанд.

Ҳудуди 80 дарсади ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудаанд, ки 488 ҳолатро ташкил медиҳанд. Ин нишондод дар шаҳру навоҳии назди Маскав ба 34 нафар баробар мебошад.

Се ҳолати нахустини гирифторшавӣ дар вилояти мухтори Яҳудиёни Русия ва як ҳолат дар Ингушистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамин ҳол минтақаҳои Русия, ки то ҳол коронавирус ба он ҷо роҳ наёфтааст, феълан 7 ададро ташкил медиҳанд. Музофоти тоза аз коронавирус дар Русия айни ҳол минтақаи Алтай, Карачаево-Черкесия, Карелия,  ҳавзаи мухтори Ненетск, Тува ва Чукотка мебошанд.

Миёни гирифторони коронавирус дар Русия 4% кӯдакон,  44% - афроди аз 18 то 45-сола, 35% - шаҳрвандони аз 46 то 65-сола ва 16% -и боқимонда аз 65-сола боло мебошанд.

Занон миёни мубталоёни коронавирус  53,5%  ва мардон 46,5%-ро ташкил медиҳанд.

Шабонарӯзи пешӣ дар Русия  771 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0