Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қарори Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе  тадобир барои пешгирии коронавирус пурзӯр мегардад 

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ ба масъулин супориши қатъӣ дода, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намуда, мутахассисони соҳа тавассути  ВАО ба сокинон ва меҳмонони шаҳр  баҳри пешгирӣ аз сирояти   ин вирус  пайваста тавсияҳои муфид диҳанд

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе  тадобир ҷиҳати  пешгирӣ аз сирояти коронавирус пурзӯр мегарданд. 

Тавре АМИТ “Ховар”  бо такя ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ҳангоми дар таътили баҳорӣ  будани хонандагон дар  тамоми  муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда,  роҳбарони онҳо муваззаф гардиданд, ки  барои риояи гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла тез-тез шустани дастон барои хонандагону кӯдакон дар мактабу кӯдакистонҳо шароит фароҳам оварда шаванд.

"Тамоми марказҳои савдо, бозорҳо ва  дигар маконҳои ҷамъиятӣ низ бо маҳлулҳои безараргардонӣ коркард гардиданд. Ҳамаи  нақлиёти мусофиркашонӣ, аз ҷумла автобусу троллейбуссҳо ва  таксиҳои шаҳри Душанбе ҳар саҳар, пеш аз оғози фаъолият  безарар мегарданд. Партовҳо сари вақт  бароварда ва партовгоҳҳо бо маҳлулҳои безараргардонӣ  тамиз гардонида  мешаванд”,-афзуд манбаъ.

Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҳамчунин супориши қатъӣ дода, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намуда, мутахассисони соҳа тавассути  ВАО ба сокинон ва меҳмонони шаҳр  баҳри пешгирӣ аз сирояти   ин вирус  пайваста тавсияҳои муфид диҳанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус

Раиси шаҳр ҳамчунин сардорони раёсатҳои маориф ва тандурустии шаҳри Душанберо низ баҳри ташкили дурусти кор ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус вазифадор намудааст.

"Ҳамаи сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша чорабиниҳои худро таҳия намуда, корҳои безараргардониро аз рӯи он  ба роҳ мондаанд", - омадааст дар хабарнома.

Бо ин мақсад ҳанӯз 16 марти соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  Комиссияи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд. Раисии ин Комиссия ба уҳдаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, котибии он ба зиммаи сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемеологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода вогузор гардид. Раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аъзои  Комиссияи мазкур   мебошанд.

Раиси шаҳри Душанбе Комиссияи мазкурро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  таъмини бехатарии  санитарию эпидемиологии аҳолӣ,  пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ   тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамчунин дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт новобаста аз шакли моликият корҳои фаҳмондадиҳӣ ва  безараргардонӣ  (дезинфексия) ба роҳ монда шаванд.

Рустами Эмомалӣ  таъкид намудааст, ки дар пойтахт баҳри тозаю озода нигоҳ доштани шаҳраку маҳаллаҳо, даромадгоҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ корҳои иттилоотӣ бурда шаванд ва онҳо бояд зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе қарор гиранд.

Лентаи хабарҳо
0