Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

© REUTERS \ ALEXANDER DRAGOПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пешгӯӣ намуд, ки бар асари маризии коронавирус ҳудуди 200 ҳазор амрикоӣ фавт мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Амрико давоми як шабонарӯз дасти кам 865 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс.

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон
Трамп ба Путин занг зад: раисҷумҳурони Амрико ва Русия дар чӣ хусус сӯҳбат карданд?

Дар умум бар асари ин беморӣ дар Амрико 3900 нафар ҷон аз даст дода, ҳудуди 190 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ дар сартосари ин кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан, манбаъ аз 26 400 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар як шабонарӯзи ахир хабар дод, ки ин нишондод бесобиқа мебошад.

Олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Қаблан раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пешгӯӣ намуд, ки маризии коронавирус дар ин кишвар ҷони аз 100 то 200 амрикоиро хоҳад гирифт.

Ба изҳори ӯ, маргу мири барзиёди амрикоиҳо аз ин маризӣ, дар ду ҳафтаи оянда сурат мегирад.

Члены движения Талибан (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толибон бо артиши Афғонистон дар мубориза алайҳи коронавирус муттаҳид шуданд

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 - уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт вируси COVID-19 - ро пандемия эълон кард. Бар тибқи маълумоти ахири ин созмон, дар ҷаҳон беш аз 850 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст ва зиёда аз 42  ҳазор дардманд ҷон аз даст доданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон то санаи 1 - уми апрел ягона мавриди сироятшавӣ ба ин беморӣ сабт нагардидааст. Тоҷикистон ва Туркманистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, ду давлати орӣ аз маризии коронавирус мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0