ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Саввумин маризи каронавирус дар Қазоқистон фавтид, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустии ин кишвар.
Бо хуруҷ ёфтани маризии коронавирус дар Қазоқистон, раисҷумҳури ин кишвар Қосим Жомарт - Тоқаев вазъи фавқулодаро элон кард. Бо қарори кишвардори Қазоқистон вазъи фавқулода аз 16 - уми март ҷорӣ шуд. Ҳамчунин аз 19 - уми март Нур - Султон ва Алма - Ато ба қарантин фаро гирифта шуданд.
Мураххас мешаванд: ду маризи коронавирус дар Қазоқистон комилан шифо ёфтанд
"Дар вилояти Қарағанда маризи 62 - сола фавтид. Марҳум рӯзи 30 - юми март дар ҳолати вазмин ба беморхона интиқол ёфт ва табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд", - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми март СҶБ вируси COVID-19 - ро пандемия эълон кард. Бар тибқи маълумоти ин созмон, маризии коронавирус дасти кам 750 ҳазор бошандагони ҷаҳонро сироят кард, ки 36 ҳазор нафар аллакай ба ҳалокат расиданд.