Дар Тоҷикистон имрӯз даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз гардид

© SputnikСолдаты маршируют, архивное фото
Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват мегарданд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон барномаи даъвати баҳорӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар оғоз мегардад ва он то 31 май идома хоҳад ёфт, хабар медиҳад ТоҷикТа.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави раиси шаҳр: нақшаи даъвати баҳорӣ барои хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ шуд

Ба иттилои манбаъ, Ширин Исматуллозода, муовини нахуствазири Тоҷикистон раиси комиссиюни даъвати ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Дар моҳҳои апрел ва май сарбозоне, ки мӯҳлати хидматашон поён ёфт, ба захира фиристода мешаванд. Ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват мегарданд.

Мирзиёев ба қонун дар бораи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ тағйирот ворид кард

Ҳамасола 15-16 ҳазор нафар ҷавон дар Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 27 аст, ба хидмати сарбозӣ мераванд.

Бар асоси додаҳои расмӣ, шумори ҷавонони синни даъват дар кишвар 600 ҳазор нафар аст. Зимнан, 150 ҳазор нафари онҳо аз хидмати сарбозӣ озод шудаанд, ё лоиқи хидмат нестанд.

Лентаи хабарҳо
0