ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Алишер Усмонов барои мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон 20 миллион доллар ҷудо кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба шабакаи "Ӯзбекистон 24".
"Миллиордери машҳур Алишер Усмонов низ ибтикори президентро дастгирӣ намуда барои таъмини беморхонаҳо бо навтарин таҷҳизот 20 миллион доллар ҳазина кард", - омадааст дар хабарнома.
Муайян шудааст, ки маболиғ аллакай ба бунёди ҷамъиятии "Узбекистон меҳр-шафқат ва саломатлик" - и назди Вазорати тандурустӣ равон карда шудааст.
Қайд мешавад, ки бо шарофати кумаки Усмонов беморхонаи ноҳияи Зангиатини вилояти Тошканд бо таҷҳизоти муосир таъмин мешавад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Алишер Усмонов гуфта буд, қарантинаро дар Тошканд паси сар мекунад.
Кумаки миллиардер Шодиев ба 1,5 ҳазор хонаводаи ниёзманди Ӯзбекистон
Ӯ муҳим хонд, ки барои саломатию хушбахтии одамон роҳбарони давлатҳо ирода нишон диҳанду сарфи назар аз мухолифатҳои геополитикӣ дар баробари ин хатари ҷаҳонӣ муттаҳид шаванд.