Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омодабош: супориши Насим Олимзода ба масъулин барои пешгирӣ аз коронавирус

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Насим Олимзода масъалаи дар ҳолати омодабош қарор доштани муассисаҳои тандурустӣ дар ҳолати эҳтимолии ошкор гардидани сирояти коронавирус дар мамлакатро бо масъулин баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Рӯзи 30 март, дар Муассисаи давлатии  "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш" ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ баргузор гардид.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар он вазири тандурустӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа ширкат намудаанд.

Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб

Дар ҷаласа, Насим Олимзода таваҷҷуҳи  ҳозиринро ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштани муассисаҳои тандурустӣ дар ҳолати эҳтимолии ошкор гардидани сирояти коронавирус дар мамлакат ҷалб намудааст.

"Новобаста ба он ки то имрӯз дар мамлакат сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, муассисаҳои тандурустии мамлакат бояд дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд", - гуфтааст вазир.

Муҳим: дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба коронавирус таҳия мешавад

Ҳамчунин вазири тандурустӣ оид роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ВНМО-аз ҷумла гузариш аз модар ба кӯдак, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ додааст.

"Асирони корона": шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия чӣ ҳол доранд?

Лентаи хабарҳо
0