ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари сомонаи "АхборКом" - ро, ки рӯзи 30 март таҳти сарлавҳаи "Худкушии хонандаи синфи 11 баъди 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаи БДА" беасос хонда, мегӯяд ин хабар ба воқеъият мувофиқат намекунад.
Тибқи иттилои ВУД, ноболиғ Сулаймонзода Набихоҷаи Нусрат, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Оббурдон, кӯчаи Мусо Исоев, ҳавлии №2, хонандаи синфи 11 МТМУ №3-и ҳамин ноҳия санаи 29-уми март тахминан соати 13:30-дақиқа, дар анборхонаи ҳавлии истиқоматиашон бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст.
Пайдо шудани ҷасади марди ношинос дар назди бинои "Шарқи озод"
Вазорат мегӯяд, ҳодисаи мазкур ба фаъолияти БДА рабт надорад. Зеро далели гӯё зимни идораи автомашинаи тамғаи “Мерседес”-и ба падараш таалуқ дошта боздошт шудани ноболиғ асоси воқеӣ надошта, аз суханони падараш Набихоҷа Сулаймонзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебаромад ва ҳуқуқи рондани автомашинаро надошт.
Сабти 632 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд дар Тоҷикистон тайи як сол
Ғайр аз ин падари ноболиғ Набихоҷа Сулаймонзода - Сулаймонов Нусрат Мирзоевич автомашинаи тамғаи "Мерседес" надорад ва барои ягон намуд ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима нашудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғи мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ маълум карда мешавад.