Дастури раисиҷумҳур ба Озода Раҳмон барои назорати иҷрои дастурҳои Президент

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон барои назорати иҷрои дастурҳои Сарвари давлат дар ҷараёни силсилаи мулоқотҳо бо зиёиён, аҳли илму маориф ва намояндагони дигар соҳаҳо супориш додааст

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Рӯзи 30 март дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар маҷлиси Ҳукумат нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода шунида шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус

Таъкид гардидааст, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” чор корхона дар самти истеҳсоли қолин, аз ҷумла ҷамъити дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ Фейза”,  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мавлонои Румӣ”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самарқанд — М” дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулвард” ба фаъолият шуруъ карданд. Дар натиҷа зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Қабули “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ба рушди соҳаи қолинбофӣ мусоидат намуда, ба корхонаҳои соҳа имкон фароҳам овард, ки дар баробари аз нав кардани парки технологии корхонаҳо ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ сохтани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо қолинҳои хушбофт супориш додааст.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон дар бораи коронавирус, нарх, муҳоҷирон ва ҳабсҳои ғайриқонунӣ

Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Президент ба Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2020-2021 аз ҳозир тадбирҳои мушаххас андешида, ба миқдори зарурӣ маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт захира намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати “Барқи тоҷик” ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини аҳолӣ ва иншооти иҷтимоии кишвар дар фасли зимистон бо нерӯи барқ ва гармӣ вазифадор шудаанд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” баррасӣ гардидааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» муҳокима карда шудааст.

Президент ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати иҷрои дастурҳои Сарвари давлат дар ҷараёни силсилаи мулоқотҳо бо зиёиён, аҳли илму маориф, кормандони иттифоқҳои касаба, саноатчиён, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони дигар соҳаҳо супориш додааст

Лентаи хабарҳо
0