ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Русия раванди паҳншавии маризии сироятии коронавирус босуръат ҷараён дорад. Танҳо давоми як шабонарӯз 500 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, сироятшавии шаҳрвандони Русия дар 24 манотиқи ин кишвар сурат гирифтааст.
Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус мегӯяд, ин маризӣ аллакай дар 73 минтақаи Русия доман зада, 2337 нафарро дардманд намудааст.
Шумораи мубталоёни коронавирус дар Русия якбора 1,5 ҳазор шуд
Ин дар ҳолест, ки шабонарӯзи гузашта, теъдоди маризони коронавирус дар Русия ба 1836 нафар баробар буд.
Агар шабонарӯзи қаблӣ 302 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид, ин рақам бо гузашти ҳамагӣ як шабонарӯз ба 502 ҳолат расид.
Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, феълан дар сартосари ҷаҳон беш аз 785 ҳазор нафар мубталои коронавирус гардида, 165 ҳазор дардманд шифо ёфтаанд. Ҳамчунин 37 ҳазор маризи коронавирус ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои ин созмон, то 31 - уми март дар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия 1836 ҳолат, Украина – 548, Арманистон – 482, Қазоқистон – 308, Молдова – 298, Озарбойҷон – 273, Беларус – 152, Ӯзбекистон – 150 ва Қирғизистон — 94 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.