ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 30 март дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон аз як қатор корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған боздид намуда, бо фаъолияти ширкатҳо шинос гардидааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, Аҳмадзода нахуст бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равған - ҶДММ “ЗирвЭко”, ҶДММ “Сахо” ва ҶДММ “Ҷилои Ҷавҳар” ошно шудааст. Тавре дар аснои боздид иттилоъ додаанд, дар вилояти Суғд беш аз 30 корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дошта, барои таъмини бозори дохилӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд.
Агар соли 2018 дар вилоят 4052 тонна равған истеҳсол гардида бошад, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли равған ба 5090 тонна баробар шуд. Корхонаҳои истеҳсоли равған асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов фаъолият дошта, маҳсулоти истеҳсолшаванда сифати олӣ доранд.
Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Анҳор”, ки ба коркарди ғалла машғул аст, шинос гардид. ҶДММ “Анҳор” яке аз корхонаҳои калонтарин дар самти коркарди ғалла маҳсуб ёфта, соли 2018 бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Корхона соли 2018 зиёда аз 41 670 тонна ва соли гузашта 66 648 тонна орд истеҳсол намуда, барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд 32 корхонаи коркарди ғалла фаъолият дорад. Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли орд беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад ва корхонаҳои ватанӣ имконият доранд, ки талаботи аҳолиро қонеъ намоянд.
Раиси вилоят пас аз шиносоиҳо ба роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли орду равған ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила саҳми бештар гузоштан дар саноатикунонии кишвар дастуру супоришҳо дод.
Ёдрас мешавем, ки зимни сафари худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, рӯзи 23 март, дар шаҳри Гулистон, бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир кард.
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки масъалаи истеҳсол ва захираи орд зери назорати шахсии роҳбарони дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.