Ҳаракат тавассути нақлиёти шахсӣ дар Ӯзбекистон пурра қатъ шуд

© Sputnik / Рамиз БахтияровНочной Ташкент
Ночной Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус сар аз субҳи имрӯз ҳаракат тавассути нақлиёти  шахсиро дар қаламрави ин кишвар пурра қатъ кард

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 як қатор чораҳои   ҷилавагиро андешидааст, ки барои мубориза бо пандемия кӯмак хоҳанд кард.

Специалисты министерства здравоохранения в аэропорту Ташкента - Sputnik Тоҷикистон
Омори охири Ӯзбекистон дар бораи гирифторону сиҳатёфтаҳо аз коронавирус

Бино ба иттилоияи ин комиссия, аз соати 6:00 субҳи имрӯз то 20-уми апрел истифодаи нақлиёт бо мақсадҳои шахсӣ дар саросари Ӯзбекистон манъ шудааст.

Гуфта мешавад ҳаракат танҳо барои нақлиёте, ки бо нишонаи махсус мегарданд, иҷозат дода хоҳад шуд,  ки он ҳам метавонад аст соати 9:00 ҳаракат намояд, ки ба ин гурӯҳ воситаҳои нақлиётии ширкатҳое, ки маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар маҳсулоти тиббиро мефурӯшанд ва таъмин мекунанд. Ин ба воситаҳои нақлиёти шахсии кормандони ин корхонаҳо низ дахл дорад,

мошинҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба фаъолияти дорусозӣ инчунин истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти санитарӣ ва гигиенӣ машғуланд, (таҷҳизоти муҳофизатӣ ва дезинфексия);

Ҳамчунин, воситаҳои нақлиёти ба шахсоне, ки  дар сохтмони беморхонаҳо барои шахсони мубталои коронавирус дар Тошканд ва вилояти Тошканд ширкат доранд.

Кумаки миллиардер Шодиев ба 1,5 ҳазор хонаводаи ниёзманди Ӯзбекистон

Дар баробари ин  ҳаракати нақлиёти кормандони намояндаҳои диломатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ,  почта, бонк ва раисони шаҳру вилот қатъ нагаштааст.

Таъкид мешавад, ки автомобилҳои шахсӣ танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда (таваллуди, ҷароҳатҳои вазнин ё ҳолатҳои дигаре, ки ба ҳаёт таҳдид мекунанд) истифода карда мешаванд.

Тибқи маълумоти охирин, дар Ӯзбекистон 133 ҳолати вируси COVID-19 ба қайд гирифта шуда,  ҳафт бемор шифо ёфтаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0