ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Убайдуллоев дар ҷаласаи охир зимни шунидани гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бо зикри бархе дастовардҳо дар кори ин мақомот, таъкид кард, ки ҳадафи чунин гузоришҳо танҳо таърифу тавсиф нест.
“Ҳамчуноне гуфтам, ҳисоботро на барои он мешунавем, ки якдигарро таърифу тавсиф карда, ба осмон барорем, зеро талаботи ҷомеа нисбат ба фаъолияти ҳар яки мову шумо пурзӯртар шудааст”, - изҳор дошт Убайдуллоев дар хитоб ба мақомдорон ва таъкид намуд, ҳар яки онҳое, ки интихоб ё ба мақомҳои баланди давлатӣ таъйин шудаанд, бояд ба талаботи мардум бештар ҷавобгӯй бошанд.
Ӯ афзуд, ки ба баъзе масъалаҳо диққати бештар дода шавад ва аз ҷумла дастгирии соҳибкориро зикр карда, ба ҳозирин гуфт, агар дар ҷомеа иқтисодиёт набошад, заминаи молиявӣ набошад, мову шумо фаъолият карда наметавонем.
"Тавре огаҳӣ доред, ҷаҳон дар остонаи буҳрони навбатии иқтисодии молиявӣ қарор дорад. Дар ин бобат, прокурори генералӣ бояд имконият ва фишангу неруи назорати прокурориро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, пешгирии афзоиши шумораи бекорон, қарзи музди меҳнат, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорон равона созад", - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Убайдуллоев.
Раиси Маҷлиси миллӣ инчунин коррупсияро таъкид намуда, дар хитоб ба Юсуф Раҳмон афзуд, аҳли ҷомеа ба умеди он аст, ки муборизаи беамон, доимӣ, пайгирона бо ин зуҳурот, ки аз вабо бадтар аст, бояд амалӣ карда шавад.