Қарори Аҳмадзода барои хизмати ҳарбӣ. Оё имсол "облава" бардошта мешавад?

Обуна шудан
Ҷавононе, ки 18 - 27 солаанд, барои хизмат дар сафи Артиш даъват карда мешаванд. Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра: баҳору тирамоҳ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2020" ба тасвиб расид.

"Моҳҳои апрел ва майи соли 2020 дар вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 - солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд", - омадааст дар қарори Аҳмадзода.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориш барои хизмати ҳарбии писарони вазирону вакилон ва имтиёзҳои нав баъди артиш

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз тасвиби ин қарор иттилоъ дода гуфтааст, ки барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис дода шуда, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Раёсати тандурустии вилоят ва дигар ниҳодҳои марбута барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъват вазифадор шудаанд.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра: баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо тавре хабарҳо ба нашр мерасанд, барои иҷрои нақша масъулин аз роҳу усулҳои ғайриқонунӣ "облава" кор мегиранд.

Масъулин даъвати ҳарбӣ сарпечии ҷавонон аз хизмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақша таъкид мекунанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту чаро писарони афроди мансабдор аз хизмат парҳез мекунанд?

Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар ҷараёни маъракаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар қисмҳои низомии кишвар хуруҷ мекунад. Дар ҷараёни даъвати тирамоҳии соли гузашта расонаҳои хабарӣ аз ҷойдошти мавориди сарбозгирӣ ё "облава"- и наваскарон дар шаҳру навоҳии кишвар хабару аксу навор ба нашр расониданд.

Дар баъзе аз ин наворҳо дида мешуд, ки ҳатто масъулин барои иҷрои нақша ҷавонон беморро "облава"  кардаанд.

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
“Духтарҳоро ҳам барем ба аскарӣ?” Баҳси “облава” бо раиси Кумитаи ҷавонон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран ҷаласаи бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.

"Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0