ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Хабаргузории Sputnik Эрон менависад, ки сухангӯи Вазорати беҳдошти ин кишвар, Киёнӯш Ҷаҳонпур рӯзи шанбе омори мубталоён ва ҷонбохтагон аз коронавирусро эълон кард.
Бар асоси гузориши мазкур то кунун 35 408 нафар ба вируси нав мубтало шуда ва 2517 кас ба иллати ин беморӣ фавтидааст.
Ҳамчунин, хушбахтона 11679 нафар шифо ёфтаанд.
Ёдрас мешавем, ки то 28 марти соли 2020, шумораи мубталоёни коронавирус дар ИМА аз 100 ҳазор нафар гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон тақрибан ба 600 ҳазор расид.
Шумораи фавтидагон беш аз 27 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, зиёда аз 133 ҳазор нафар мебошад.
Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дирӯз аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашта, дар ҷои аввал қарор гирифт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 104 205 нафарро ташкил медиҳад.
Италия низ Чинро пас гузошта, ба ҷои дуюм баромад. Дар он то имрӯз 86 498 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати урупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 9 134 нафарро ташкил медиҳад.
Чин аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 81 394 нафар мубталои коронавирус шудаанд.