ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Акси ҷасади Шомиров Диловаршо чанд рӯз боз дар сафҳаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук мечархид ва корбарон аз шаҳрандони кишвар барои муайян кардани шахсияти ҳалокшуда, кӯмак мехостанд.
Зимнан, Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе муайян кард, ки номбурда сокини Душанбе буда, бар асари беморие дар яке аз кӯчаҳои пойтахт ба ҳалокат расидаст. Аммо бо пофишории наздикони марҳум, экспертизаи тиббӣ - судӣ барои маротиба дуввум муайян намуд, ки номбурда на аз беморӣ, балки аз мушту лагад ҷон бохтаст.
Куштор: сокини Исфара марди 37-соларо дар ҳавлияш корд зад
Дар ҳамин ҳол РВУД Тоҷикистон гумонбари асосӣ дар куштори ин ҷавонро дастгир намуданд. Боздоштшуда ҳамроҳ бо Диловаршо дар як нуқтаи шустушӯйи мошинҳо кор карда, санаи 22 - юми март, тахминан соати 22:30 дар асоси ғаразҳои пешакӣ дар назди бинои 2-и кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бо ӯ муноқиша намудааст.
Манбаъ меафзояд, Халилов Абдулмумин бо мушт як зарба ба қисмати рости мавзеъи гӯши Шомиров Диловаршо задааст, ки дар натиҷа охирон ба замин афтода, баъди чанд лаҳза ба ҳалокат расидааст.
Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Халилов Абдулмумин Асадуллоевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.