Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дастури вазорати тандурустӣ: назорати қатъии гузаргоҳҳои марзӣ ва қарантини воридшавандаҳо

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото
Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи ахири ситоди Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба хотири ҷилавгирӣ аз роҳ ёфтани маризии коронавирус, як қатор дастуру супоришҳо ироа гардид

ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Муовинони вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳаммудин Камолзода ва Шодихон Ҷамшед дар  ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуданд.

Человек в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус : дар ИМА аз 100 ҳазор гузашт

Ҷаласаи мазкур бегоҳи рӯзи 27 - уми март бо ҳузури роҳбарон ва сардорони як қатор муассиса ва раёсати тандурустӣ баргузор гардид.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, дар ҷаласа ба масъалаҳои назорати қатъии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба қарантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар  ба Тоҷикистон ворид мегарданд, диққати махсус зоҳир гардида, оид ба рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Толибон бо артиши Афғонистон дар мубориза алайҳи коронавирус муттаҳид шуданд

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Аз аломатгузории марз то пешгирии коронавирус: суҳбати телефонии Раҳмон бо Жээнбеков

Иттилоъ дода шуд, ки аз 1  феврал то 27 марти соли равон 5919  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида  2050  нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар  карантин  қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то имрӯз, 27 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0