ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бохит Султонов, Вазири тиҷорати Қазоқистон эълон намудааст, ки содироти бархе маҳсулот монанди гандум, орд, шакар, себзамини ва руғани офтобгардон бо ҳадафи таъмини комили ниёзҳои мардуми Қазоқистон ба таври мувақат то 15 апрел мамнуъ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Бино бар иттилои манбаъ, дар Қазоқистон ба далели шуюи вируси Корона вазъияти фавқулъода эълон шуда ва вуруд ба ду шаҳри бузурги ин кишвар - Нурсултон ва Алмаато- мамнунъ шудааст.
Бинобар эълони Вазорати беҳдошти Қазоқистон 79 мавриди мубтало ба вируси Корона дар ин кишвар сабт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ҳолати 27 март шумораи шахсони мубтало ба коронавирус дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 251 ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 2001 нафар расид.
Ғайр аз он, ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як зани 64-сола дар Қазоқистон ва як зани 72-сола дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд.
Миёни кишварҳои ИДМ шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ бо навъи нави коронавируси COVID-19 дар Русия ба қайд гирифта шуда, ба 840 нафар расидааст. Пас аз он Арманистон қарор дорад, ки дар он ҷо 329 ҳолат ошкор гардидааст. Дар ҷои сеюм Украина буда, 196 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд.
Дар дигар давлатҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Молдова 177 ҳолати сироятёбӣ, Қазоқистон — 124, Озарбойҷон — 122, Беларус — 86, Ӯзбекистон — 83 ва Қирғизистон – 44 ҳолат тасдиқ шудаанд.
Дар баъзе аз ин давлатҳо инчунин шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 41 нафар, Беларус — 29, Арманистон — 18, Озарбойҷон — 15, Ӯзбекистон – 5, Молдова — 2, Қазоқистон — 2 ва Украина — 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштаанд.
Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 3, Молдова – 1, Қазоқистон -1, Ӯзбекистон — 1 ва Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.