Гурезӣ ҳам, пайдот мекунем! вазорат дар бораи “ковидиот” - карантингурезҳо

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкКонтрольно-пропускной пункт на границе, архивное фото
Контрольно-пропускной пункт на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди зидди “вируси тоҷдор” дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хостори тақвияти кори гузаргоҳҳои марзӣ шудааст. Аз мақомоти зидахл хоста мешавад, ки иҷозаи надиҳанд ягон нафар аз карантин фирор кунад

 ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, гуфт мавзӯи асосии ҷаласаи имрӯз, 27 март, ки Ситод баргузор кард, сари ин мавзӯъ тамаркуз дошт.

Волонтеры из Красного Креста в защитных костюмах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз ташкили “Иттиҳодияи табибони ҷавон” то рақами фаврӣ: омодагӣ ба карантин дар Тоҷикистон

“Дар ҳоли ҳозир вуруди густардаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои заминии марзии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мушоҳида мешавад. Инчунин аз манобеъи гуногун мо иттилоъ пайдо мекунем, ки бархе афрод мехоҳанд аз қарантина фирор кунанд. Мо аз мақомоти зидахл хостем, ки алайҳи ин афрод тадобири шадид ба кор гирифта, онҳоро бо қарантини ҳатмӣ фаро гиранд”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан чанде аз сокинони кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки бархе афрод дар гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дӯстӣ” (Турсунзода) ва “Ойбек” (Мастчоҳ) аз қарантин фирор карда, озодона дар кишвар гаштугузор мекунанд ва ба саломатии мардум хатар эҷод мекунанд.

Мирҳамуддин Камолзода гуфт, ҳар нафаре, ки марзро убур мекунад, сабти ном шуда, бо қарантинаи ҳатмӣ фаро гирифта мешавад ва афроде, ки саркашӣ мекунанд, тариқӣ иҷборӣ ба маҳалли қарантина интиқол дода мешаванд.

“Дар гузашта чунин маворид буданд ва мақомоти қудратӣ онҳоро пайдо карда, дигарбора ба маҳалҳои қарантина интиқол дода шуданд. Мо аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунем, ки фикри фирор аз қарантинаро аслан аз сар дур кунанд ва инро дарк намоянд, ки бо ин кори худ хонавода, зану фарзанд ва атрофиёни худро таҳти хатар қарор хоҳанд дод”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Умарзода Саида Гайрат - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Умарзода барои ташкили гурӯҳи ихтиёриён ҳангоми эълон шудани карантин дар кишвар

Мавсуф дар посух ба суоли “оё барои чунин афрод ҷазои маъмурӣ ё ҷиноӣ пешбинӣ хоҳад шуд?” гуфт, мақомоти зидахл дар ҳоли ҳозир тамоми афроди фирориро пайдо карда, таҳти қарантина қарор додаанд ва дар ҳоли ҳозир ҳамчунин зарурат пеш наомадааст.

Зимнан, қарантингурезҳо, ки дар расонаҳои ҷаҳонӣ ба истилоҳи ҷадиди “ковидиот”, баргирифта аз номи маризии “COVID 19” ва вожаи “идиот” – аблаҳ, таъриф мешаванд, қаблан дар Тоҷикистон низ аз худ дарак дода буданд.

Аз ҷумла ду нафар аз осоишгоҳе дар Варзоб фирор карданд, ки баъдтар аз сӯи мақомот боздошт ва ба маҳалли қарантина баргардонида шуданд. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3800 нафар дар саросари Тоҷикистон – осоишгоҳу шифохонаҳои сироятии Душанбе, Варзоб, Суғд, Хатлон ва дигар шаҳру навоҳӣ таҳти қарантина қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0