ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Мудири Ассосиатсияи истифодабарандагони оби "Ҳайдар 2017" барои тасарруфи пули давлат боздошт гардидааст.
Ба иттилои котиботи Ожонси мубориза бо фасод, Юсупов Сайфулло Мирзоалиевич дар вазифаи Раиси Ассотсиятсияи истифодабарандагони оби "Ҳайдар 2017" дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд фаъолият мекард.
Раҳмон Сӯҳроб Сафарзодаро муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод таъин кард
Номбурда дар давраи солҳои 2018-2019 аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур тибқи шартномаҳо ва санадҳои қабул ба миқдори 48456 ҳазор м3. оби полезиро ба маблағи 1.144.544 сомонӣ қабул намудаст.
"Юсупов бо мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ бо шахсони масъули ҶДММ "Спитамен Текстайл"-и ноҳияи Спитамен маслиҳати пешакӣ намуда, дар ҳисоботҳои муҳосибӣ маблағи хизматрасонии аз ҳисоби оби полезӣ ҷамъовардашударо нишон надода, ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо 269.904 сомонӣ пардохт карда, боқимонда 854.640 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намудаат". - омадааст дар хабар.
Ожонсии мубориза бо фасод мегӯяд, ки Юсупов бо ин амалкарди худ ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидаст.
Зимнан, оиди ин ҳолат, нисбати Юсупов ва дигарон бо модддаи 245 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.