Бо забони ноби форсӣ: овозхони итолёвӣ шеъри номии Саъдии Шерозиро сароид

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкПевица Дина Гарипова в финале конкурса песни "Евровидение-2013"
Певица Дина Гарипова в финале конкурса песни Евровидение-2013 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Онро ба нишони таслият ба мардуми Италия ва Эрон, ки беш аз дигарон яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё аз хурӯҷи коронавирус зарар дидаанд, эҷод кард

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Сарояндаи маъруфи итолиёвӣ Киаро Попо шеъри номии шоири классикии форсу тоҷик Саъдӣ Шерозиро ба оҳанг даровардааст. Дар ин бора "Ховар" гузориш медиҳад.

Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
“Чаки чаки борон”-и Далер Назаров дар тарҳи коргардони Русия Иван Шаповалов “Поднебесы”

Бино бар иттилои манбаъ, ҳунарманд шеъри "Бани одам аъзои якдигаранд"-ро ба нишони таслият ба мардуми Италия ва Эрон, ки беш аз дигарон яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё аз хурӯҷи коронавирус зарар дидаанд,  ба оҳанг кашидааст.

Таронае, ки Киаро бо забони зебои тоҷикии форсӣ  мехонад,  дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёд ва гармеро ба вуҷуд овардааст. Аксари корбарон ба ҳунарманд ва истеъдодаш офарин хондаанд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор: консерти хайрияи овозхонҳои бадахшонӣ дар Маскав

Дар омади сухан, ин мисраҳои ҷовидонии Саъдии Шерозӣ, ки ба рамзи ягонагии инсонҳо ва дӯстию ҳамраъйии миллатҳо бадал гардидаанд, дар девори бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорки Амрико ҳакокӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Саъдии Шерозӣ ҳанӯз дар қарни 13 консепсияи бадеии инсондӯстиро эҷод намуда ва низ бори аввал на танҳо дар назми оламгири классикии тоҷикии форсӣ, балки умуман дар таърихи тамаддуни башарӣ   истилоҳи "гуманизм"-ро офаридааст, ки дар мисраҳои болозикри ӯ таҷассум ёфтаанд.

Ёдрас мешавем, ки бо назардошти саҳми бузурги классики адабиёти тоҷику форс 21 апрел аз ҷониби ЮНЕСКО Рӯзи ёдкарди Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ эълон гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0