"Ман таксистам, намебинӣ": милисаи Душанбе ронандаи худписандро пайдо кард - Видео

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкАвтомобили такси у дорожного знака
Автомобили такси у дорожного знака - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
РВКД Душанбе аз муҷозоти ронандае хабар медиҳад, ки бо вайрон кардани 26 қоидаи роҳ, мегӯяд, "ман таксистам ба ман мумкин аст"

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз муҷозоти ронандае хабар медиҳад, ки гуфтааст, "қоидавайронкунӣ, кори бад нест".

Бино бар иттилои манбаъ, ронандаи мазкур дар пайи нашр шудани навори бетартибии ҷавон дар роҳҳои Душанбе дастгир шудааст. Дар навори нашршуда дида мешавад, ки ин ӯ пай дар пай қоидаи роҳро вайрон мекунад ва дар посух, ки "чаро чунин мекунӣ", мегӯяд, "намебинӣ, ман таксистам".

Ҳамин тавр, РВКД муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 шаҳрванд Муродов Файзалӣ Авазович соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи С. Айнӣ 76/6 мебошад.

"Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи С. Шерозӣ ба самти кӯчаи Н. Қарабоев қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст", - менависад РВКД Душанбе.

Модари се кӯдак: парванда алайҳи зане, ки аз ошёнаи 10-ум партов ҳаво дод

 Ҳамзамон дар натиҷаи санҷиш тавассути камераҳои Маркази автоматикунонии – "Шаҳри бехатар" муайян карда шудааст, ки номбурда дар 26-ҳолати дигар низ қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона дар муддатҳои гуногун вайрон намудааст.

Гуфта мешавад,  бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Муродов Файзалӣ барои бе Иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикситон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи мазкур то пурра барқарор намудани ҷаримаҳои 26-ҳолати қоидаваронкунӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0