ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, фавтида ҷавонзани 22-сола буда, иллати маргаш дақиқ набудааст.
“Тибқи маълумоти сардори бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 24 – уми марти соли равон, соати 17:30 дақиқа аз шуъбаи навбатдори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки ҷасади номаълум дар соҳили дарёи Кофарниҳон пайдо шудааст”,-афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, бо дарёфти хабар афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ҳамроҳ бо кормандони ШВКД ва намояндаи прокуратураи шаҳри Ваҳдат ба ҷои ҳодиса раисданд: “Дар натиҷа маълум гардид, ки марҳум як ҷавонзани 22-сола, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Ваҳдат буда, гирифтори бемории рӯҳӣ будааст”.
Тибқи гузориши Кумита, ҷавонзан тақрибан моҳе пеш, аниқтараш рӯзи 26-уми феврал аз хона баромада, дигар барнагаштааст.
“Ҷасади ин бонуро сокинон дар ҳудуди деҳаи Ҷангалобод-2, ҷамоати Гулистон дидаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд” ,- мегӯяд манбаъ.
Гуфта мешавад, ҷасад баъди дарёфт ба пайвандонаш супорида шуд.