Дар кадом давлатҳо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст?

© REUTERS \ Dado RuvicПробирка с коронавирусом 2019-nCoV
Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ охирин омор дар бораи хуруҷи коронавирус дар ҷаҳонро нашр карда, кишварҳоеро ном бурдаст, ки феълан ин маризӣ дар онҳо ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Тоҷикистон ва Туркманистон танҳо давлатҳо дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мебошанд, ки дар онҳо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Прохожие в защитных масках в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон
Собянин мегӯяд, Маскав дар остонаи рӯёрӯӣ бо мавҷи густардаи коронавирус қарор дорад

“Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Русия – 658 ҳолати сироятёбӣ, Арманистон – 265,  Молдова – 149,  Украина – 145, Озарбойҷон – 93, Қазоқистон — 88,  Беларус – 86,  Ӯзбекистон – 60 ва  Қирғизистон – 44 ҳолат ошкор гардид”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

Манбаъ афзуд, то ҳол дар Беларус 29 нафар, Русия – 29,  Арманистон 16,  Озарбойҷон  10,  Молдова 2,  Қазоқистон  2 ва Украина  1 нафар шифо ёфта, ба манзили зишташон баргаштаанд.

Феълан дар Русия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва дар Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шудаст. Дар Афғонистон  шумораи мубталоён ба коронавирус ба 84 нафар расид, ки ду нафари онҳо шифо ёфта, ду тани дигар вафот кардаанд.

Здание международного информационного агентства Россия сегодня на Зубовском бульваре в Москве. - Sputnik Тоҷикистон
“Россия сегодня”: ба хотири наздиконатон дар хона бимонед

Манбаъ аз қавли СУТ таъкид намудаст, ки феълан дар байни кишварҳои Осиё, ба ҷуз аз Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳолатҳои сиротяёбӣ аз COVID-19 дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Яман низ ба қайд гирифта нашудаанд.

“Миёни кишварҳои Африқо вирус ба Комор, Малави, Серра-Леоне, ва Сан-Томе ва Принсипе нарасидааст. Ғайр аз он, ба гурӯҳи кишварҳои Уқёнусия, ки ягон ҳолати сирояти коронавирусро тасдиқ накардаанд, Вануату, Кирибати, Микронезия, Науру, Самоа ва Тувалу шомил мебошанд”, - омадааст дар иттилоия.

СУТ дар маҷмуъ таъкид намудаст, ки дар беш аз 195 давлат ва ҳудуд сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Лентаи хабарҳо
0