Ҳангомаҳои корбарон зери акси ҷасади як ҷавон: ВКД далели марг дар арафаи Наврӯзро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевЛетний фестиваль в Душанбе 17.08.2019
Летний фестиваль в Душанбе 17.08.2019  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Санаи 23 - юми март дар сафҳаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук акси ҷасади ҷавонмарди тақрибан 20 - 25 - сола нашр гардид, ки шахсияти ӯ номаълум буд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Зимнан, корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳрвандони кишвар дархост намуданд, ки барои муайян кардани шахсияти марҳум кӯмак кунанд. Ҳамзамон пас аз роҳ ёфтани акси ҷасади шахси номаълум ҳаргуна сару садоҳо бобати омили марги ӯ баланд гардид.

Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пайдо шудани ҷасади марди ношинос дар назди бинои "Шарқи озод"

Дар ҳамин робита, Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ  шахсият ва сабаби ҳалокати ҷавонмардро ифшо кард.

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт, марҳум Шомиров Диловаршои 27 - сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев будааст.

Манбаъ меафзояд, ҷасади ӯ шаби 22-юми март аз назди бинои №2 кӯчаи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансур, бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёрфт карда шуд.

Дарёфти ҷасади марди 42 - сола пас аз 9 рӯзи бедаракшавӣ дар Варзоб

Гуфта мешавад, барои дақиқ муайян кардани сабабҳои марги ҷавонмард, ҷасади ӯ ро ба Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судӣ фиристода шуд.

"Дар натиҷа мувофиқи маълумотномаи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шомиров Диловаршо аз сабаби инсулти геморогӣ, атеросклерози шараёнҳои дил, якхела пурхун набудани мушакҳои дил, гипертрафияи мушакҳои дил, пур аз хуни сиёҳтоб будани ковокии дил ва рагҳои калони хунгард ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Вобата ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар ин ҳодиса ягон амалу кирдори ҷиноятӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0