ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сарвазири Ҳиндустон Норендра Модӣ дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, дастур дод, ки шаҳрвандони ин кишвар аз хонаҳои худ берун набароянд, хабар медиҳад India Today.
Once again people of India are in Que .Traffic jams, long queues outside grocery stores after PM Modi's total lockdown announcement.
— Dilsedesh (@Dilsedesh) March 24, 2020
Now who pushed this panic button ? #coronavirusindia pic.twitter.com/e3iMeT4KX8
Ин маҳдудият дар Ҳиндустон сар аз имрӯз, 25 – уми март то 21 рӯзи дигар идома меёбад.
Модӣ дастур дод, ки ҳар як иёлат, минтақа ва деҳот давоми се ҳафта комилан баста хоҳад шуд.
Panic everywhere. This is completely idiotic. Doing exactly what we shouldn't be doing.
— Majid Magray (@KafkaontheLOC) March 24, 2020
In delhi, Vikaspuri.#panicbuying #CoronavirusLockdown #coronaupdatesindia #CoronavirusPandemic #CoronaVirusUpdate pic.twitter.com/pESWUMBb4e
Аммо бо ироа шудани ин дастур, шаҳрвандони ба ваҳмомада на дар хонаҳои худ, балки баръакс барои харид ва захира кардани маводи озӯқаворӣ ва дигар ашёҳои лозим, ба кӯчаву бозорҳо рехтанд.
Дар Эрон аз коронавирус наздик ба ду ҳазор нафар фавтиду, нуҳ ҳазор нафар беҳбуд ёфт
Ҳарчанд, Модӣ қаблан мардумро ба оромӣ даъват намуда буд, аммо селаи мардумон дар даромадгоҳи мағозаҳо қатор – қатор дар навбат истода, маводи хӯроквориро барои захира кардан, харидорӣ намуданд.
Бар тибқи охирин маълумотҳо, дар Ҳиндустон то имрӯз 562 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки аз ин миён 11 нафар ба ҳалокат расида, 40 маризи дигар шифо ёфтанд.