ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" 24 март ба воситаи парвози махсус аз Маскав ба Кӯлоб 182 шаҳранди Тоҷикистонро интиқол дод.
Маҳз ҳамин ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав 189 шаҳрванди Русияро интиқол дода буд. Интизор меравад, ки имрӯз низ ширкати миллии "Тоҷик Эйр" аз Душанбе ба Маскав парвоз кунад.
Ёдрас мешавем, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки аз 1 феврал то 23 марти соли равон 5038 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Росавиатсия мушкилии интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод
Ҳамзамон, бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.