ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди Наврӯз ба 35 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатӣ кумакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Аз 800 то 1500 сомонӣ: қарори Рустами Эмомалӣ барои кумакпулӣ дар арафаи ид
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Асрор Шарифзода, зимни тақдими кумакпулиҳо гуфт, Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.
Ректор ба донишҷӯёни камбизоат дар Суғд кумакпулӣ дод
“Наврӯз дар Тоҷикистон ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст”,- гуфт вай.
Сипас, баъд аз 35 нафар собиқадорони меҳнат, ашхоси намоёни давлатии шаҳри Хуҷанд кумакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба андозаи 500 сомонӣ тақдим карда шуд.