ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирлол намуда, дар он аз шаркикии стратегии миёни ду кишвар гуфтааст.
Трамп ба Раҳмон: "шумо дар таъмини сулҳ дар Афғонистон нақши муҳим доред"
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар номаи президенти Ӯзбекистн аз ҷумла омадааст:
"Муҳтарам, Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии рӯзи эҳёи баҳор ва шукуфоиву шукӯҳ – ҷашни фархундаи Наврӯз табрик мегӯям".
Мирзиёев Наврӯзро аз арзишҳои умумибашарӣ, русуми муштарак, арзишҳои олӣ ва анъанаҳои беназири халқҳои бародари тоҷику ӯзбек гуфтааст.
"Итминон дорам, ки шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки бар заминаҳои эҳтирому эътимод ба якдигар ва дӯстӣ асос ёфтааст, бо саъю талошҳои муштарак ва иродаи қавии сиёсӣ минбаъд низ ба нафъи манфиатҳои умумӣ ва шукуфоии халқҳои мо таҳким хоҳад ёфт", - омадааст дар нома.
Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев, ба Ҷаноби Олӣ умри дароз, саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияташ комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно кардааст.