Иштироки президент дар Иди асалу нону картошка ва баҳои баландаш ба кадбонувони суғдӣ

Обуна шудан
Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар доираи сафари расмияш ба вилояти Суғд баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намудааст  

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, чорабинии мазкур дар Боғи Камоли Хуҷандӣ доир гашта, намоишгоҳ аз се қисми асосӣ - намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат будааст, ки дар он 18 шаҳру навоҳии вилоят ширкат кардаанд.

 Ложка мед - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи коргоҳи асал дар Хуҷанд: ба Раҳмон гуфтанд маҳсулоти он то Аврупою Амрико мерасад

Манбаъ мегӯяд, президент зимни боздид ва суҳбат аз гӯшаи намоишгоҳи маҳсулоти нонӣ, ба ҳунару маҳорати баланди кадбонувон баҳои баланд доданд.

Дар гӯшаи дигар бошад занбурпарванрон маҳсулоти хешро ба намоиш гузошта аз дастовардҳои истеҳсолии худ ба раҳбари кишвар гуфтаанд.

Имсол ба иловаи дигар идҳо дар Тоҷикистон иди картошка низ ҷорӣ шуд, бори нахуст имрӯз таҷлил шуд.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар гушаи дигари намоиши дастовардҳо хоҷагиҳои картошкапарвари вилоят фаъолона иштирок карда, навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз картошка омодашударо ба маъраз гузоштанд.

Раҳмон дар Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд — Агро” – ро ифтитоҳ кард

Хоҷагиҳои картошкапарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчиро ба намоиш бароварданд.    

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни намоиш ба сокинони вилоят барои истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо доданд.

Лентаи хабарҳо
0