ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро миёни Тошканд ва дигар минтақаҳо муваққатан қатъ мекунад.
Чунин тасмимро комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус гирифтааст.
"Аз соати 00: 1-и 24-уми марти соли 2020, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ аз шаҳри Тошканд ба вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, инчунин аз вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба шаҳри Тошканд маҳдуд карда хоҳад шуд", - омадааст дар иттилоияи ситоди фаврӣ.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта 22 март дар Тошканд ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ - метро, автобусҳо ва микроавтобусҳо қатъ шуданд. Дар пойтахт танҳо равуо танҳо бо мошинҳои шахсӣ ё мошинҳои созмонҳо, инчунин таксиҳои безараршуда иҷозат дода шудааст.
Ҳамчунин, барои сокинони Тошканд пушидани ниқоби муҳофизатӣ ҳангоми ба кӯча баромадан, сар аз имрӯз ҳатмӣ шуд.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои напӯшидани ниқоб дар шаҳр 223 ҳазор сум (тақрибан 228 сомонӣ) ҷарима мешаванд. Дар сурати нақзи дубораи қонун маблағи ҷарима се баробар бештар - 669 ҳазор сумро ташкил хоҳад дод.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, то шоми 22 март дар Ӯзбекистон 43 ҳолати сироятёбӣ бо вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.