ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуроваз парвариши навъҳои гуногуни паранда аз ҷумла, шутурмурғи африқоӣ парвариш мешавад.
Дар гӯшаи табиати зинда олами воқеии парандагонро бозгӯ намуда, дар он намудҳои гуногуни оилаи парандаҳо парвариш меёбанд.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд намудааст, ин макон аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуф Алимов бунёд гардидааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, барои парвариши шутурмурғ дар шароити Тоҷикистон ҳашт сол қабл аз хориҷи мамлакат се сар ворид карда шуд. Имрӯз шумори шутурмурғ ба 50 сар расидааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи Юсуф Алимовро дар самти парвариши навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла, шутурмурғ намунаи ибрат дониста, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани саршумори он дастуру супоришҳо дод.
Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони мутасаддӣ дастур дод, ки таҷрибаи Юсуф Алимовро омӯхта барои ба роҳ мондани парвариши шутурмурғ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва афзун намудани саршумори он тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки дар гӯшаи табиати зинда ҳамчунин товус, тазарви сирдарё ва тиллоӣ, мурғи қу, кабутари синасафед, се навъи саъба, лочини туркистонӣ, тӯтӣ ва дигар намуди парандаҳои нодир дар шароити мувофиқ парвариш меёбанд.