Пеш аз сабқат бо Фергюсон: Ҳабиб тарки Амрико кард

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов якҷо бо командааш тарки Амрико карда, ба Русия баргаштааст. Ӯ дар ИМА дар толори варзишие тамрин мекард

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо далели паҳншавии коронавирус Амрикоро тарк кардаст, хабар медиҳад ТАСС.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб ба тоҷикони дар фурудгоҳи “Внуково” дармонда: “Худованд кӯмакатон кунад”
Ҳабиб ва командааш якҷо ба Русия баргаштаанд. Зеро толори варзишии American Kickboxing Academy дар шаҳри Сан-Хас, ки онҳо тамрин мекарданд, бо қарори мақомот баста шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба наздикӣ бояд муҳорибаи варзишкори доғистонӣ бо рақиби амрикоиаш Тонӣ Фергюсон баргузор мешуд.

Пештар ташкилкунандагони муҳорибаҳои UFC гуфта буданд, ки муҳорибаи ду варзишкор 18 апрел дар майдони Barclays Center дар Ню-Йорк доир мешавад.

Аммо, пас аз он ки Созмони тандурустии ҷаҳонӣ коронавирусро пандемия эълон кард, дар шаҳр баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла бо иштироки бештар аз 500 нафар мамнӯъ шуд.

Аммо роҳбари UFC Дэйна Уайт ваъда дод, ки муҳорба албатта санаи 18 апрел баргузор мешавад, аммо берун аз қаламрави Амрико. Феълан баргузории ин мусобиқаро ташкилкунандагон баррасӣ мекунанд.

Муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ баргузор мегардад, фақат берун аз Амрико ва бидуни тамошобин

Ба қавли падари Ҳабиб, Абдулманап Муҳаммедов мусобиқаро метавон дар Дубай баргузор кард. Пештар низ муҳорибаҳои Ҳабиб ва Тонӣ бо далели захм бардоштани онҳо чор маротиба лағв шуданд.

Лентаи хабарҳо
0