Парвандаи ҷиноӣ алайҳи нафаре ки аз карантин гурехт: ӯро зиндон ва ё ҷарима таҳдид мекунад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Ӯзбекистон алайҳи як сокини ин кишвар бо сабаби гурехтан аз карантин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бино ба иттилои Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, ин шаҳрванд, ки аз Русия бо парвози Маскав-Тошканд омаду ба карантин фиристода шуд, қоидаҳои муваққатан ҷудо будан аз оммаро вайрон кард.

Меры по профилактике в метро в связи с коронавирусом  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ӯзбекистон барои напӯшидани ниқоб ҷарима ҷорӣ шуд

Ин ниҳод мегӯяд, ӯро ба карантин дар шӯъбаи "Беморхонаи марказии кӯдакон" -и Қарақалпоқистон ҷойгир кардаанд. Аммо рӯзи 21 март, мард қоидаҳои мубориза бар зидди эпидемияро вайрон карда, аз беморхона гурехта, одамони дар карантин набударо зери хатар гузошт.

Ба иттилои манбаъ, ҷойи ин нафарро дар муддати кӯтоҳ муаян карда, ӯро дар ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (вайрон кардани қонунгузории санитарӣ ё қоидаҳои мубориза бар зидди эпидемия) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло тафтишоти пешакӣ дар ин парвандаи ҷиноӣ таҳти назорати махсуси Раёсати тафтишот қарор гирифтааст.

Қаблан мақомоти Ӯзбекистон эълон карданд, ки нафароне, ки қавонини будубош дар карантинро вайрон мекунанд 8 соли зиндон ва ё 2310 доллар ҷарима таҳдид хоҳад кард.

Дар Ӯзбекистон барои напӯшидани ниқоб ҷарима ҷорӣ шуд

Ёдовар мешавем, ин дуввумин ҳолати гурез аз карантин дар Ӯзбекистон мебошад.

Қаблан, чунин ҳодиса дар вилояти Самарқанд рух дода, шаҳрванд баъди гурез аз карантин дар ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд боздошт ва дар хонаи худашт карантин шуд.

Лентаи хабарҳо
0