КҲФ хисороти селу боришот дар Наврӯзро гуфт: бартарафсозиҳо идома доранд

© Facebook / Вести Согда / Sughd NewsПоследствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои борони селосо дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ идома дошта, аҳолӣ ба ҷои амн кӯчонда шудааст

ДУШАНБЕ, 23 мар— Sputnik. Дар натиҷаи сели азим дар деҳаҳои Меҳробод, Зафаробод ва Қумриободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ заминҳои наздиҳавлигии 15 нафар ва бархе хонаҳои сокинон хароб гардиданд. Инчунин дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Сино, Вализода, Сомонӣ, Садриддин Айнӣ  ва Султони Кабири ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ба 12 манзили истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон об даромадааст, хабар дод КҲФ.

Близ Душанбе сель смывает улицы и топит дома - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 37 нафар дар як сол: будубоши 860 ҳазор тоҷикистонӣ дар минтақаҳои хатарнок

Манбаъ афзуд, дар ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов, деҳаи Сари-Парой низ ба 7 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон сел зарар расонидааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон хабар додаст, ки бориши шадиди рӯзи 21-уми март ва селе, ки соати 20:30 дақиқа омад, дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ба 103 замини наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони шаҳрвандон обу лойқа овард ва зарар расонд. Зикр шуд, ки дар ин сели азим шаҳрванд Раҳмонқулов Мирзоқули 59-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ҷони худро аз даст дод. КҲФ таъкид намуд, ки 760 нафар шаҳрвандон сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар деҳаи Ҳаёти Нав, ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба 4 манзили истиқоматии шаҳрвандон обу лойқа ворид шуда, зарар расонидааст. Поксозии хонаю заминҳои мардум идома дорад, изҳор доштаст КҲФ.

Лентаи хабарҳо
0