Баҳои баланди Ҷинпин ба чораҳои зидди COVID-19 дар Тоҷикистон: моро кӯҳу дарё мепайвандад

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз, номаи шодбошӣ фиристодааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар номаи худ раисиҷумҳури Чин ба муносиботи дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар дастгириву мусоидати якдигар дар мубориза алайҳи эпидемияи COVID-19, баҳои баланд додааст.

Президент Ирана Хасан Роухани и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Рӯҳонӣ ба Раҳмон: "бояд ҳамдигарро ёрӣ кунем, то бар вируси муҳоҷим ғалаба кунем"

Бино ба гузориши котиоти раисиҷумҳур, Си Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти ҷашни Баҳор изҳори сипос кардааст.

"Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин аз номи худам ба муносибати фарорасии ҷашни анъанавии Тоҷикистон – ҷашни Наврӯз Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро табрик намоям".

Дар идомаи табрикоташ Ҷинпин мегӯяд, Чин ва Тоҷикистонро, ки кӯҳу дарёҳои муштарак ба ҳам мепайванданд, ҳамсоя ва дӯстони ба якдигар некхоҳ бо сатҳи баланди боварии тарафайн, инчунин шарикони боэътимоди дорои манфиатҳои муштарак ва барои ҷонибҳо судманд мебошанд.

"Ман ба сатҳи  муносибатҳои дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар дастгириву мусоидати якдигар дар мубориза алайҳи эпидемияи COVID-19 зоҳир мешавад, баҳои баланд медиҳам", - омадааст дар хабарнома.

Ҷинпин изҳори омодагӣ кардааст, ки тамосҳои доимии байни Чин ва Тоҷикистонро нигоҳ дорад.

Продавец в защитной маске в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Осиёи Марказӣ ва Русия

Пандемияи коронавирус

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

На сулфаю на таби баланд: олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Теъдоди мубталоён дар Чин 81 ҳазору 93 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд коҳиши ҳолатҳои нав мушоҳида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0