Таҷлили Наврӯз 2020 дар Хуҷанд - видео

Обуна шудан
Ин соатҳо дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҷлили Наврӯз 2020 идома дорад. Дар тантанаҳои наврӯзи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат дорад

Дар Тоҷикистон имрӯз аз ҷашни аҷдодии Наврӯзи Аҷам ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд қаблан СҶБ бо ирсоли як нома унвонии дастгоҳи раисҷумҳур дархост карда буд, ки аз баргузории ин ҷашн худдорӣ варзанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми фаромадан аз ҳавопаймо - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои ҷашни Наврӯз ба Суғд рафт: аз кушодани корхона оғоз кард

Наврӯз 2020: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ

Наврӯзи байналмилалӣ имсол ба Тоҷикистон 20  - уми март, соати  08:50 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ расид. Зимнан, бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон сар аз 21 - уми март то як ҳафта дар саросари Тоҷикистон аз Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0