Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шумо истисно нестед: ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба ҷавонон дар робита ба коронавирус

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкОткрытие 90-го летнего сезона в Парке Горького
Открытие 90-го летнего сезона в Парке Горького - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як муроҷиатнома ба ҷавонон хитоб намудаст, ки аз эҳтимоли гирифтор шудан ба маризии коронавирус дар канор нестанд

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Аз ин рӯ бояд талош варзанд то тамоми тадобири пешгирифта баҳри ҷилавгирӣ аз ин маризиро риоя кунанд.

Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба Қирғизистон дар робита ба мубориза алайҳи коронавирус баҳои мусбат дод
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ин маризӣ ба ҷавонон низ раҳм надорад ва эҳтимолияти сироят шудани онҳо низ ниҳоят баланд аст.

"Имрӯз ман барои ҷавонон паём дорам: шумо фориғбол нашавед. Ин вирус метавонад якчанд ҳафта шуморо ба беморхона барад ва ё ҳатто кушад. Аз ин рӯ аз эҳтиёт кор бигиред", - илова намудаст Тедрос Адҳан Гебребс.

Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 33 нафар расид

Қобили зикр аст, ки алъон теъдоди мубталоёни коронавирус дар саросари ҷаҳон ба беш аз 270 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

То имрӯз дар Италия беш аз 4000 нафар ҷони худро аз даст доданд, кишварест, ки ҳоло аз шумораи фавтидагон аз Чин низ пеш гузаштааст. Испания 1000 маргро аз сар гузаронид ва тақрибан 25 ҳазор дардманди ин маризиро дорад.

Дар Фаронса 450 фавт аз шумораи умумии сироятёфтагон, ки  12 612ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0