Алорағми дархости СҶБ: Тоҷикистон Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегирад - акс

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон имрӯз аз ҷашни аҷдодии Наврӯзи Аҷам ҷашн гирифта шуд. Ҳарчанд қаблан СҶБ бо ирсоли як нома унвонии дастгоҳи раисҷумҳур дархост карда буд, ки аз баргузории ин ҷашн худдорӣ варзанд

Наврӯзи байналмилалӣ имсол ба Тоҷикистон 20  - уми март, соати  08:50 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ расид. Зимнан, бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон сар аз 21 - уми март то як ҳафта дар саросари Тоҷикистон аз Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Флаг США, Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш: агар Тоҷикистонро тарк карданӣ бошед, шитобед

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷорабинии асосӣ фардо  дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол фазои пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имрӯз идона буда, ҳамагон бо либоси ороста ба тамошои шаҳр баромадаанд.

Тамоми гӯшаву канори Душанбе бо суманаку дигар ороишоти наврӯзӣ оро дода шудаааст.

Пардаи оҳанин: кадом кишварҳо аз тарси коронавирус сарҳадашонро бастанд - видео

Бонувони тоҷик бо суманаки қадрасидаи коштагии худ ба хонаи ҳам ба меҳмонӣ рафта ҳамчунин дастаҷамъона дар ҳалқаи хонаводаи худ сайру тамошо баромаданд.

Ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо ирсоли нома ба дастгоҳи расиҷумҳур даъват намуда буд, ки Тоҷикистон аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар пасманзари бурузи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, худдорӣ кунад.

Бояд гуфт, ки аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба бурузи маризии коронавирус баргузории Наврӯзи оламафрӯзро манъ намуданд.

Тоҷикистон ва Туркманистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ феълан аз ин маризии даҳшатбор дар амон мебошанд.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСуманак рамзи Наврӯзи Аҷам аст. Кулли чорабиниҳои наврӯзӣ маҳз бо суманак оро дода мешавад
Пророщенная пшеница на Навруз - Sputnik Тоҷикистон
1/9
Суманак рамзи Наврӯзи Аҷам аст. Кулли чорабиниҳои наврӯзӣ маҳз бо суманак оро дода мешавад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДар ин ҷашн шоди ва хурсандии кӯдакон ҳадду канор надорад
Дети на празднике Навруз - Sputnik Тоҷикистон
2/9
Дар ин ҷашн шоди ва хурсандии кӯдакон ҳадду канор надорад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТоҷикистониҳо дар ин ҷашн аз хурду бузург ҳама либоси нав ва идонаро ба бар мекунанд ва ба сайру гашт мебароянд
Дети во время праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон
3/9
Тоҷикистониҳо дар ин ҷашн аз хурду бузург ҳама либоси нав ва идонаро ба бар мекунанд ва ба сайру гашт мебароянд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевХони наврӯзии ҳар хонадони тоҷик бо нонҳои гарму варақӣ ороста мебошанд
Празднование Навруза в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
4/9
Хони наврӯзии ҳар хонадони тоҷик бо нонҳои гарму варақӣ ороста мебошанд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДар ҳар гӯшаи шаҳр ҳатман рамзи Наврӯз, яъне суманак гузошта мешавад
Суманак на площади перед театром оперы и балета в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
5/9
Дар ҳар гӯшаи шаҳр ҳатман рамзи Наврӯз, яъне суманак гузошта мешавад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗанони тоҷик, ки суманакро қабл аз як моҳ мекоранд, дар рӯзи ид бо лаълии суманаки қадкашида ба тамошо ва меҳмонӣ мебароянд
Жительницы города Душанбе во время праздника Навруз держат в руках пророщенную пшеницу - Sputnik Тоҷикистон
6/9
Занони тоҷик, ки суманакро қабл аз як моҳ мекоранд, дар рӯзи ид бо лаълии суманаки қадкашида ба тамошо ва меҳмонӣ мебароянд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЧорабиниҳои Наврӯзи дар ҳар навоҳии пойтахт бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
7/9
Чорабиниҳои Наврӯзи дар ҳар навоҳии пойтахт бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевОроишоти Наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
8/9
Ороишоти Наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевҲамзамон дар ин рӯз ба сокинони пойтахт ярмаркаи фурӯши маводи ғизоӣ, низ гузаронда шуд
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
9/9
Ҳамзамон дар ин рӯз ба сокинони пойтахт ярмаркаи фурӯши маводи ғизоӣ, низ гузаронда шуд
Лентаи хабарҳо
0