ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки қурби фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрибонкӣ 6,2 фоиз баланд шуда, аз 9,79 сомонӣ дар аввали сол то ба 10,40 сомонӣ дар санаи 19 март расид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз зиёд мебошад, зикр кард БМТ.
“Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад”, - шарҳ додаст Бонки миллӣ.
Зуҳури пандемияи коронавирус ва коҳиши нархи нафт аз далелҳои дигари номуътадилӣ дар бозори асъор арзёбӣ шудааст.
Ин ниҳод таъкид кард, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ зиёд гардида истодааст, ки барои ба танзим даровардани он амалӣ намудани як қатор чораҳои иловагии фаврӣ зарур мебошанд.
“Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ менамояд”, - изҳор дошт Бонки миллӣ дар шарҳи то ба 10,20 сомонӣ муайян кардани қурби расмии 1 доллар. Барои бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон расман қурби доллар марзи 10 сомониро убур кард.
Бонки миллӣ аз ҳаннотон гуфт
Ба иттилои Бонки миллӣ, ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати иниқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардад, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад.
Зикри Бонки миллӣ аз ҳаннотон дар ҳолест, ки ба гуфтаи корафтодагон ба далели камбуди доллар тайи рӯзҳои охир бархе миёнаравҳо ғайриқонунӣ долларро то ба 10,5 – 11 сомонӣ мефурӯхтанд.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ дар нархномаи таҷдидшуда қурби як рублро 0,128 сомонӣ муайян намудаст. Ин нишондиҳанда субҳи имрӯз 0,122 сомонӣ буд.
Ин ниҳод афзудааст, ки бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ, ноустувор гаштааст. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Русия – 24,7 фоиз, рубли Беларус – 15,8 фоиз, тангаи Қазоқистон – 14,8 фоиз, лираи Туркия – 8,6 фоиз, соми Қирғизистон – 4,7 фоиз, нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд, мисол овардаст БМТ.