ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар паёме, фаро расидани Наврӯзро табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, бо вуҷуди андӯҳе, ки ҳамагирии вируси корона эҷод кардааст, ин ид ҳамоҳангӣ ва ҷашн баори башарият ба армуғон овард.
Паёми Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар сомонаи ин созмон нашр шудааст
“Имсол Наврӯз барои бисёре дар ҳолу ҳавои ғам ва изтироб оғоз мешавад ва вируси корона бар саросари дунё, аз ҷумла нуқоте, ки ин ҷашни бостониро гиромӣ медоранд, соя андохтааст”, - таъкид доштааст Гуттереш.
Бояд гуфт, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эронро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, умедвор шудааст, ки дар оянда ҳамкориҳо байни Эрону Тоҷикистон дар ҷанбаҳои мухталиф густариш ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид доштааст, ки Эрону Тоҷикистон дар оянда низ барои густариши пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар ҷанбаҳои мухталиф талош хоҳанд кард.
“Бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон беҳтарин орзуҳо ва самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати фаро расидани иди байналмилалии Наврӯз иброз менамоям”, - навиштааст Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон.
Дар ҳамин ҳол, бино бар асоси охиарин гузоришҳо, то кунун 221 ҳазору 917 нафар дар саросари ҷаҳон ба коронавирус мубтало шуда ва 8 ҳазору 999 нафар ҷони худро аз даст додаанд.