Дар Русия озмоиши ваксинаи зидди коронавирус оғоз ёфт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутахассисон дар пайи озмоиш натиҷа ва бехатарӣ, таркиб, таъсир ва роҳи истифодаи ваксинаи навро муайян хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Русия озмоиши ваксинаи зидди коронавирусро дар тани ҳайвонот оғоз кард, хабар додааст Роспотребнадзор.

Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе - Sputnik Тоҷикистон
Олимон нуқтаи заъфи коронавирусро пайдо кардаанд

Ба иттилои манбаъ, мутахассисон дар пайи озмоиш натиҷа ва бехатарӣ, таркиб, таъсир ва роҳи истифодаи ваксинаи навро муайян хоҳанд кард.

Таҳияи ваксинаҳои прототипи зидди коронавирус метавонад аз чор то шаш моҳ идома ёбад, гуфтааст Дмитрий Лиознов, иҷрокунандаи вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии ба номи А. Смородинсев.

Бино ба пешгӯии олимон, истифодаи ин ваксина дар назар аст, тирамоҳи соли ҷорӣ ба роҳ монда шавад.

Гуфта мешавад, ваксинаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Маркази таҳқиқоти вирусологии "Вектор" дар Новосибирск таҳия шудаанд.

Қаблан мутахассисони "Вектор" CoViD-19-ро дар зери микроскоп нишон додаанд ва олимони Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти ба номи А. Смородинсев геноми коронавируси навро рамзкушоӣ кардаанд.

Дар ҷаҳон табибон талош доранд доруи зидди коронавирусро омода созанд, аммо то ҳол ба таври куллӣ ба ин дастёб нашудаанд. Қаблан иттилоъ дода шуд, ки табибони чинӣ воксинае бо номи Авиган таҳия кардаанд, табро муваққатан паст месозад, аммо он низ ба таври куллӣ коронавирусро дар тан нест карда наметавонад.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Авиган: табибони Чин доруи муассир алайҳи коронавирусро пайдо карданд

Дар Амрико низ якумин санҷиши ваксинаи зидди коранавирус 17-уми март оғоз кард. Гуфта мешуд, он дар тани чор нафар дар пажӯҳишгоҳи Kaiser Permanente дар Сиэттл (Вашингтон) санҷида хоҳад шуд.

Дар Русия, тибқи маълумоти охирин, ҳоло 199 ҳолати мубтало ба қайд гирифта шула, як нафар ҳалок ва  панҷ нафар шифо ёфтанд.     

Бар пояи оморҳои ахир, дар ҷаҳон беш аз 220 ҳазор нафар мублатои маризии коронавирус мебошанд. Ҳамзамон беш аз 9 ҳазор нафар бар асари гирифтор шудан ба ин  беморӣ фавтидаанд

Табибон то кунун тавонистанд, ки тақрибан 85,7 ҳазор нафар гирифторонро табобат кунанд.                     

 

Лентаи хабарҳо
0