ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Се ҳолати нахустини мубталошавӣ ба маризии коронавирус дар сокинони ноҳияи Сӯзак ошкор гардида буд. Онҳо рӯзи 12 - уми март аз Арабистони Саудӣ пас аз адои Ҳаҷҷи Умра вориди Бишкек шуданд. Дар ҳавопаймое, ки ин се мариз савор буданд, ҳамчунин 141 сарнишини дигар қарор доштанд.
Зимнан, Вазорати беҳдошти Қирғизистон муайян намудааст, ки бо ин се маризии коронавирус, дасти кам 2292 нафар дар тамос шуданд. Феълан ҳамаи нафарони дар тамосбуда ба карантин фаро гирифта шуданд.
Гузашта аз ин муайян гардид, ки рӯзи 19 - уми март дар ноҳияи Ноокат боз се мавриди нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст.
“Даҳлези ҷанубӣ” - аз бандари Эрон то Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд: халали коронавирус
Мубталошудагон занони 67, 71 ва 77 сола буда рӯзи 12 - уми март аз шаҳри Ҷидда самти Ош парвоз доштанд.
Дар маҷмӯъ савори ҳавопаймои онҳо 282 сарнишин буд, ки алъон барои муайян кардани шахсоне, ки бо онҳо дар тамос буданд, тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.